Дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштараки барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барбадос баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, Баёнияи муштаракро дар ин хусус Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Барбадос дар СММ Элизабет Томсон имзо карданд.

Барбадос кишварест дар Вест-Ҳиндустон, ҷазираи ҳамном дар гурӯҳи Ҷазираҳои Антил воқеъ дар шарқи баҳри Кариб. Он дар наздикии қитъаи Амрикои Ҷанубӣ 434,5 километрии шимолу шарқи Венесуэла ҷойгир шудааст.

Кишварҳои наздиктарин ба Барбадос Сент-Люсия ва Сент-Винсент ва Гренадина. Масоҳати ҷазира 431 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ба аввали моҳи августи соли равон Душанбе бо 173 кишвари саросари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.