Раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Зафар Файзуллозода аз Ҳизби халқии демократии Точикистон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ шудааст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба “Азия-Плюс” хабар доданд, номзадии Зафар Файзуллозода аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Қубодиён-31 дар конфронси якҷояи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён дастгирӣ ёфтааст.
Номбурда аз моҳи декабри соли 2016 инҷониб дар вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён фаъолият дошта, аз моҳи апрели соли 2017 узви Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Зафар Файзуллозода то раиси ноҳияи Қубодиён таъйин шуданаш, мушовири раиси вилояти Хатлон буд.
Вай имрӯз бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Бадриддин Садриддинзода таъйин гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Қурби рубл нисбати сомонӣ то сатҳи бесобиқа тайи 9 соли охир поин рафт
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
“Серпул, меҳрубон, масъулиятшинос…” Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи сокинони Душанбе чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста