Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14-уми январ ба султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури султони Умон барқияи табрикӣ ирсол кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Умон бар манфиатҳои мардуми ҳар ду кишвар минбаъд низ рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

“Мо ҳамеша алоқаманди таҳкими ин раванд ва ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон бо иқдомоти нави амалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем”, - омадааст дар барқия.

Дар фарҷом барои саъю талошҳои минбаъдаи муштарак таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, тавассути фаъол гардонидани тамосҳои сиёсии сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо омодагӣ изҳор шудааст.

Пас аз марги Қобуси 79-сола, ки 50 сол Салтанати Умонро идора мекард, Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид ба тахт нишаст. Пас аз чанд соати эълони марги султон Қобус ӯ савганд ёд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.