Вохӯрии Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аввали моҳи феврал дар Тошканд баргузор мешавад.

Тавре хадамоти матбуоти Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад, Майкл Помпео рӯзҳои 2-3 феврал ба Ӯзбекистон меояд.

Пеш аз сафар ба Ӯзбекистон Помпео аз Украина, Беларус ва Қазоқистон боздид карда, бо сарони ин давлатҳо дидору гуфтушунид мекунад.

Дар доираи сафар ба Тошканд роҳбари идораи сиёсати хориҷии ИМА бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов вомехӯрад.

Дар ин шаҳр Помпео ҳамчунин дар машварати вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ – ИМА” («С5+1») бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, дар ҷараёни он рушди минтақаро мутобиқи дурнамои нави ИМА дар Осиёи Марказӣ баррасӣ карданист.

Ёдрас мекунем, ки Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео бояд моҳи январ ба Ӯзбекистон сафар мекард. Аммо бинобар сабаби шиддат гирфтани вазъ дар Ховари Миёна сафараш ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.