Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзҳои 24-25 феврал бо даъвати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ аз Маскав боздид мекунад.

Тавре хабаргузории РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова иттилоъ медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили рӯзмарраи байнулмилалӣ табодули назар карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки бар асоси шарикии стратегӣ бо такя ба иҷрои қарордодҳои ҳосилшуда аз рӯйи натиҷаи сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Маскав дар моҳи апрели соли 2019 роҳандозӣ шудаанд, баррасӣ мекунанд.

Дар брифинги рӯзи 20-уми феврал Захарова қайд кардааст, ки дар ҷараёни гуфтушунид ба масоили пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии онҳо дар ҷаҳорчӯби ИДМ, СААД ва СҲШ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

“Ҷонибҳо доир ба ҳолати таъмини амният дар минтақа, вазъи ҷорӣ дар Афғонистон, ҳамкориҳои зиддитеррористӣ ва бар зидди маводи нашъаовар суҳбат мекунанд. Дар доираи сафар инчунин имзои барномаи ҳамкории мутақобила байни вазоратҳо барои соли 2020 дар назар аст”, - афзудааст Захарова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.