Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси дар робита ба даргузашти собиқ роҳбари ин давлат Ҳуснӣ Муборак барқияи тасаллият ирсол кард.

“Хабари даргузашти собиқ роҳбари давлати Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак боиси андӯҳи амиқи мо гардид”, - навишта шудааст дар барқия. 

Гуфта мешавад, Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак ба ҳайси ходими намоёни давлатӣ хислату муҳтавои як давраи комили рушди Мисрро муайян карда, ҳамчун сиёсатмадор дар арсаи байнулмилалӣ обрӯву эътибори зиёд дошт.

“Мо талошҳои пайвастаи марҳумро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср қадрдонӣ менамоем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва мардуми дӯсти Миср таъзияву тасаллии самимии инҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи пайвандону наздикони ӯ сабри ҷамил хоҳонам”, - қайд шудааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки собиқ президенти Миср Ҳуснӣ Муборак рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар синни 91-солагӣ дар Қоҳира аз олам даргузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.