Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Тавре Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар Twitter-и худ дар ин робита навиштааст, ки бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳо бар зидди коронавирус, инчунин масоили тиҷорату транзит баррасӣ шуданд.

“Дар аввалин суҳбати видеоӣ мо бо Сироҷиддин Муҳриддин масоили таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои амният, дастгирии сулҳу созиш дар Афғонистон, ҳамкорӣ зидди COVID-19, савдо ва транзитро баррасӣ кардем. Ба шарикӣ бо Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем”, - навиштааст ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.