Рӯзи 14 июл вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар мулоқот масъалаҳои гуногуни рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла аз Чин ба Тоҷикистон сафарбар намудани мутахассисон барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои муштараки саноатӣ ва сохтмону азнавсозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва иҷтимоӣ, инчунин "Бинои нави Парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима гардиданд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон таклифу пешниҳодҳои тарафҳо вобаста ба баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Чин, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, афзоиш додани содироти меваи тару тоза ва хушк ба бозорҳои хитоӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва пешниҳоди сабукиҳои хизматрасонии қарзи давлатӣ вобаста ба паёмадҳои пандемияи коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон хуш пазируфта шуданд.

Зикр мегардад, ки ҷониби Хитой вобаста ба пешниҳодҳои манзуршуда омодагии худро барои ҳамкорӣ ва расонидани кумаки техникӣ изҳор кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.