Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, аҳаммияти баргузории чорабиниҳои муштараки тарҳрезишуда баъди ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари ҳамагирӣ таъкид гардид.

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Гуедар барои саҳми бориз ва арзандааш дар густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Фаронса изҳори сипос намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.