Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), ки дар он номзади ҳизб ба мансаби президентӣ пешбарӣ мегардад, рӯзи 15 август дар Душанбе баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси ҳизб, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустам Латифзода хабар дод, ба ҷуз пешбарии номзад, дар анҷуман инчунин барномаи пешазинтихоботии ҳизб баррасӣ мешавад.

“Нахуст ният доштем, ки ҳудуди 250 нафар вакилонро ба иштирок дар кори анҷуман даъват кунем, лекин вазъи вобаста ба пандемияи коронавирус маҷбур кард, ки шумори онҳоро як баробар кам кунем”, - изҳор дошт Латифзода.

Ҳизби аграрии Тоҷикитсон соли 2005 таъсис дода шуда, дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони кишвар соҳиби 7 курсии вакилӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки  аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон айни ҳол аҳзоби зерин санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - рӯзи 3 сентябр, Ҳизби коммунист - 5 сентябр ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 24 август номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.