Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) Алберто Корреа Мендесро бино бар поён ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ-2), таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Алберто Корреа Мендес барои фаъолияташ дар кишвар изҳори сипос намуда,  дар фаъолияти минбаъдаи ӯ муваффақият таманно кард.

Қобили зикр аст, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, лоиҳаҳоро дар самти баланд бардоштаниустуворӣ, идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ месозад. Соли 2019 Барнома дар доираи лоиҳаҳо оид ба устуворӣ нисбат ҳолатҳои фавқулода ба наздики 30 ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ кумак кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.