Дар идомаи тағйироти раисону шаҳру ноҳияҳо Президенти инчунин раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро низ барканору таъин намуд.

Тибқи фармонҳои нав Назирӣ Зариф аз вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод ва ба ҷояш Зафарбек Давлатзода, ки то ин дам раиси шаҳри Конибодом буд, таъин шудааст.

Президенти Тоҷикистон Абдусалом Тӯхтасунзодаро иҷрокунандаи раиси шаҳри Конибодом таъин кардааст. Акрамзода Баҳодур раиси ноҳияи Шаҳристон таъин шуд, ки раиси пешини ин ноҳия акнун раиси ноҳияи Деваштич таъин шудааст.

Худойназар  Амонзода  ҳам бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақоми раиси шаҳри Истиқлол озод ва ба ҷойи ӯ Даврон Зоҳидзода раиси ин шаҳр таъин шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.