Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ рӯзи 4 январ дар чаҳорчӯби сафари кории худ ба минтақаи Қасими Подшоҳӣ бо Амири минтақаи мазкур шоҳзода Файсал ибни Мишъал Оли Сауд мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо истифодаи зарфиятҳои ду кишварро ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ салоҳ донистанд.

Сурат: mfa.tj

Зикр мегардад, ки ҳангоми сафари корӣ инчунин мулоқотҳои Сафир бо Раиси Палатаи тиҷорат ва саноати минтақаи Қасим Муҳаммад Ал-Ҳаная ва Раиси Кумитаи рушди иқтисод ва сармоягузории минтақа доктор Юсуф Ал-Орайнӣ доир гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.