Санаи дақиқи нахустин сафари президенти тозаинтихоби Қирғизистон Содир Жапаров ба Душанбе пас аз боздидаш аз Тошканд маълум мешавад.

Сафари Содир Жапаров ба Ӯзбекистон рӯзҳои 11-12 март баргузор мешавад, хабар медиҳад АКИpress бо истинод ба гуфтаҳои вазири корҳои хориҷӣ Руслан Казакбоев.

Ба гуфтаи ӯ, ба унвони Жапаров аз сарони дигар кишварҳо бисёр даъватномаҳо расидааст.

“Дар суханронии худ президент изҳор дошт, ки мехоҳад сафарҳои аввалинро ба кишварҳои ҳамсоя - Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Чин анҷом диҳад”, - иброз доштааст Казакбоев.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон илова намудааст, ки ҷадвали сафарҳо баъди боздид аз Ӯзбекистон таҳия мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Содир Жапарови рӯзи 10 январ ба мансаби президенти Қирғизистон интихобшуда охири моҳи феврал аз Русия ва аввали моҳи март аз Қазокистон боздид кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.