Ҳодисаҳои ахир дар мавриди Ворух нуктаи баландтарини баҳсҳо дар масоили марзӣ дар муҳити дохилии кишвар дар тамоми давраи музокироти байнидавлатӣ бо Қирғизистон ба шумор меравад. Чун ба таври худҷӯш пайвастани теъдоди қобили мулоҳизаи шаҳрвандон дар фазои иттилоотӣ, бахусус дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасии гуногунпаҳлӯи он ба назар расид, мавзуъ ниёз ба рӯйкарди таҳлилӣ пайдо кард.

Азбаски дараҷаи баҳсу баррасиҳо дар атрофи масъалаи Ворух имрӯз ба тадриҷ коҳиш меёбад, фурсати муносиб барои арзёбии коршиносонаи мавзуъ пайдо шуд. Чунки агар дар авҷ ва тасфи масъала  баррасию таҳлил анҷом мешуд ва чунин матлабе нашр мешуд, шояд аз ҷониби шаҳрвандони кишвар, инчунин аз тарафи сокинони давлати ҳамсоя якҷониба қабул мегардид.

Бинобар ҳассос будани мавзуъ тасмим гирифтем, як руҷуи холисона (объективӣ)-ро перомуни ин масъала анҷом диҳем.

Нуктаи асосии баҳс

Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли масъалаи сарҳадӣ мавқеи худро аз руи ҳуҷҷатҳои гуногун асоснок мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳалли масъаларо дар асоси истифодаи ҳуҷҷатҳои солҳои 1925-1927 мебинад. Ҷониби Қирғизистон бештар ба ҳолати имруза мудирияти ҳудудҳо такя намуда, ҳуҷҷати таъсиси ИДМ-ро асос меорад, ки мувофиқи он санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар замони Иттиҳоди Шуравӣ қабул гардида, дар ҳудуди давлатҳои мустақил қувваи қонунӣ надоранд.

Гузашта аз ин, дар замони аввали фаъолияти комиссияи муштараки аломатгузории марзӣ, аз руи ҳуҷҷатҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ Қирғизистон 50 ҳазор гектар заминро, ки соли 1942 барои сокинони ноҳияи Мурғоб дар минтақаи Олой барои 50 сол иҷора дода буд ва муҳлати иҷрои ин созишнома соли 1992 ба анҷом расид, соли 2003 бозпас гирифта буд. Ҳамин тариқ аксари заминҳое, ки имруз баҳснок шуморида мешаванд, дар солҳои гуногун аз ҷониби Тоҷикистон ба Қирғизистон иҷора дода шудаанд.

Ҳамзамон, кишвари ҳамсоя ба ҳуҷҷатҳои 1957-1958 низ такя мекунад. Аз руи ҳуҷҷатҳои 1925-1927 Ворух анклав (бурунбум) нест ва пурра бо Тоҷикистон пайваст аст. Дар умум, масъалаи мазкур арзёбии алоҳидаро вобаста ба замону макони ба имзо расидани онҳо, ба хусус қувваи қонунии онҳо (эътироф шудани аз тарафи органҳои олии ИҶШС) талаб мекунад.  


Тафсири кутоҳи ҳодиса

Рӯзҳои 16 ва 17-уми марти соли равон дар шаҳри Гулистон нишасти нахустини ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди масъалаи мушаххас намудани сарҳади давлатӣ дар давраи баъди пандемия баргузор гардид. Чанде пеш дар матбуот хабар дода шуд, ки роҳбарони ҳайатҳои ду кишвар иваз шуданд: роҳбарии ҳайати Тоҷикистон - раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва роҳбарии ҳайати Қирғизистон - раиси КДАМ-и он кишвар Қамчибек Тошиев таъин шуданд. Аз рӯйи маълумоти дар ВАО паҳн гардида, ҷонибҳо омода будани худро ба ҳалли зудтари масъалаи марзӣ изҳор карданд ва зикр шуд, ки барои иваз кардани мавзеъҳо низ омода ҳастанд.

Рӯзи 26 марти соли равон Қамчибек Тошиев зимни нишасти матбуотии худ изҳор дошт, ки пешниҳодҳои Қирғизистон ба ҷониби Тоҷикистон дар мавриди Ворух ироа шудаанд ва ӯ ду роҳҳалро зикр кард: якум, чен намудани заминҳои атрофи Ворух ва пешниҳоди роҳ барои Тоҷикистон; дуюм, иваз намудани Ворух бо заминҳои дигар аз ҳисоби ҳудуди вилояти Бодканд. Изҳороти мазкури Қамчибек Тошиев дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсу баррасиҳои зиёд гардид.

Ҷониби Тоҷикистон расман ба ин изҳороти Қамчибек Тошиев вокуниш накард ва мавқеи кишвар зимни сафари роҳбари давлат ба Ворух мушаххас баён шуд, ки он аз нуктаҳои зерин иборат аст:

1) дар тӯли 19 соли музокироти марзӣ бо Қирғизистон масъалаи иваз намудани Ворух умуман вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад;

2)Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ бо Қирғизистон манфиатдор аст;

3)Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи марз бо Қирғизистон аз рӯйи эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо амал мекунад;

4) роҳи ҳалли масъала танҳо бо роҳи гуфтушунид бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф метавнад амалӣ шавад;

5) сокинони минтақаҳои наздимарзӣ “бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд”.


Нуктаҳои боло ба таври усулӣ мавқеи Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаи марзӣ бо Қирғизистон нишон медиҳад ва бо гумони ғолиб бо риояи онҳо пеш меравад. Суханронӣ ва мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ҷамоати Ворух ба гуфтумони зиёде, ки ба вуҷуд омода буд - нукта гузошт ва систематику бомулоҳиза будани мавқеи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои марзӣ бори дигар намоиш дод. Чунки Қирғизистон ҳамсояи мо аст ва ин асл тағйир намеёбад ва аз рӯйи парадигмаи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки дар консепсияи амалкунандаи сиёсати хориҷӣ зикр шудааст, ташаккул камарбанди амният ва эътимод дар тӯли сарҳади давлатӣ, яъне рушди ҳамсоягии нек мувофиқ ва мутобиқ ба манфиатҳои миллиамон мебошад.

Азрёбии масъалаи марзӣ дар шароити муосир

Аз диди таҳлили сиёсӣ баррасии масъала барои он муҳим аст, ки дар тӯли тақрибан 2 ҳафта ба як мавзӯи доғи фазои иттилоотии Тоҷикистон табдил ёфт. Масъалаи мазкурро дар иртибот ба равандҳои охири минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунем:

То оғози карантин дар соли 2020, яъне то моҳи марти он сол ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон панҷ нишасти муштаракро гузарониданд. Пандемия сабаб шуд, ки танаффус барои ҳалли масъала ба вуҷуд ояд ва нахустин нишаст 16-17 марти соли 2021 баргузор шуд. Иқдоми ҷиддии ҷониби Қирғизистон барои ҳалли масъалаи марзӣ паҳлуи дохилӣ ва хориҷӣ дорад, ки чанде аз онҳоро зикр мекунем:

Якум, баъди ҳодисаҳои моҳи октябри соли 2020 ва тағйирот дар Қирғизистон ба қудрат нафароне омаданд, ки дар тӯли қариб 10 соли охир дар мухолифат бо роҳбарони вақти ин кишвар қарор доштанд. Масъалаи марз дар равандҳои дохилисиёсии Қирғизистон ниҳоят нозук ва ҳассос мебошад: аз як тараф шаҳрвадони вилоятҳои ҷанубии ин кишвар пайваста талаб мекарданд, ки ин масъала зуд ҳаллу фасл гардад; аз тарафи дигар, гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ мавзӯи марзро ҳамчун фишор ба ҳукуматдорон истифода мекарданд, яъне аз диди онҳо масъалаи марзӣ бояд дар шакле ҳал шавад, ки тамоми манфиатҳои Қирғизистон таъмин гардида, ҷониби дигар бояд ба созиш равад ва манфиатҳои миллии худро сарфи назар кунад. 

Дар ҳолати риоя нагардидани ин асл, роҳбари ҳайати музокиракунанда ба “ҳифз” накардан ва “фурухтан”-и манфиатҳои миллӣ гунаҳкор мешуд, ки солҳои пеш чанд маротиба бо чунин мазмун дар бораи роҳбари ҳайати музокиракунандаи Қирғизистон дар матбуоти ин кишвар матлабҳо нашр гардида буданд.

Табиист, ки дар чунин ҳолат касе намехост ба ҳуҷҷат имзо кунад. Шояд сабаби қафо рафтани ҷониби Қирғизистон дар соли 2016, ки дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ масъалаи марзӣ ниҳоӣ шуда буд, дар ҳамин бошад. Ба таври умумӣ, масъалаи марзӣ дар Қирғизистон дар “асорат”-и муборизаҳои сиёсӣ афтода, то рафт печида ва имрӯз мушкил шудааст. Як нуктаи дигар низ дар он аст, ки элитаи маҳаллии вилоятҳои ҷанубии Қирғизистон масъалаи марзиро бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчун омили ҳисоббаробаркунии худ бо мақомдорони расмии Бишкек истифода мекард, ки ин ҳолат низ пеш рафтани музокирот ва натиҷабхш шудани онро мушкил мекард.


Дуюм, баъди интихоботи президентӣ дар Қирғизистон ва мувофиқи сиёсатҳои нави роҳбари он кишвар Содир Жапаров ҳалли масъалаи марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар авлавият қарор гирифт. Чанд даъфа Содир Жапаров ваъда дод, ки ба ин масъала нукта мегузорад. Ин масъала зимни сафари давлатии президенти Қирғизистон ба Ӯзбекистон дар таърихи 11-12 марти соли равон низ аз мавзуҳои меҳварӣ буд.

Мутобиқи иттилои расонаҳо, зимни нишасти хабарии роҳбарони ду давлат зикр шуд, ки Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар давоми 3 моҳи оянда масъалаи марзиро ниҳоӣ мекунанд. Тезонидани ин раванд барои ҷониби Қирғизистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки роҳбарони имрӯза нишон медиҳанд, ки қудрати ҳалли масъалаҳои пештар “ҳал” нашавандаро доранд ва инчунин машруияти худро дар сатҳи минтақа боло мебаранд. То ин дам сафарҳои Содир Жапаров ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон сурат гирифтанд ва мувофиқи иттилои расонаҳои Қирғизистон дар моҳҳои наздик чунин сафарҳо ба Тоҷикистону Туркманистон низ сурат мегиранд.

Ба гумони ғолиб сафари Содир Жапаров ба Тоҷикистон дар ҳолати ба анҷом наздик шудани масъалаи марзӣ сурат гирад, чун ин имкон медиҳад, ки рушди ҳамсоягии нек байни ду кишвар ба сатҳи комилан дигар барояд ва эҳтимол пайраҳаро барои таҳия ва имзои созишномаи дуҷониба оид ба шарикии стратегӣ низ ҳамвор кунад (Барои иттилоъ: Тоҷикистон соли 2015 бо Қазоқистон, соли 2017 бо Туркманистон ва соли 2018 бо Ӯзбекистон чунин созишномаи дуҷонибаро имзо кардааст), ки бешубҳа ба манфиатҳои дарозмуддати Тоҷикистон созгор аст.

Сеюм, Ҳалли масъалаи марзӣ бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои Қирғизистон аҳамияти махсус дорад ва мутобиқи иттилои Қамчибек Тошиев, ки рӯзи 26 март садо дод, ҳалли масъала бо Ӯзбекистон ниҳоӣ шудааст, вале бо Тоҷикистон чунин пешравӣ дида намешавад. Тошиев зикр кард, ки барои анҷоми ҳалли ин масъала бо Тоҷикистон ба ӯ се моҳ муҳлат додаанд.

Аҳамияти минтақавии ҳалли масъала дар он аст, ки ба раванди ҳамкориҳои наздики кишварҳои Осиёи Марказиро, ки соли 2018 оғоз гардид, такони ҷиддӣ медиҳад. Барои мисол, зимни сафари давлатии Содир Жапаров ба Ӯзбекистон байни ду кишвар 22 ҳуҷҷат ба имзо расониданд ва муҳтавои аксари онҳо ин ҷонибдор будани Бишкеки расмӣ ба созишҳои пештар имзошуда буда, инчунин тарафдор будан ба ҳамкориҳои наздики давлатҳои минтақаро нишон медиҳад. Чун агар масъалаи марзӣ бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳаллу фасл шавад, он шароити комилан дигарро барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои минтақавӣ ба вуҷуд меорад.

Аз ин ру, ҳалли масъалаи марзӣ дар Осиёи Марказӣ ҳам ба манфиатҳои миллии ҷонибҳои музокиракунанда, инчунин ба манфиатҳои миллии дигар кишварҳои минтақа созгор аст. Идома ёфтани баҳсҳо ва бенатиҷа шудани он имкон дорад, раванди ҳамкориҳои наздику эҳтимол ҳамгироии давлатҳоро боз дорад.

Арзёбии изҳороти Қамчибек Тошиев дар атрофи Ворух


Тавре дар боло ишора намудем, изҳороти роҳбари ҳайати музокиракунандаи Қирғизистон перомуни Ворух дар фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармро ба вуҷуд овард ва ба василаи ба даст овардани нафъи сиёсӣ аз ҷониби гуруҳҳои алоҳида гардид, ки шояд ба Ворух нарафта бошанд, тартиби ҷойгиршавии Ворух ва Чоркӯҳро надонанд ва умуман аз нозукиҳои масъала бехабар бошанд. Вале, бинобар ҳассос будани масъала иқдому даъватҳои гуногунро пеш гузоштанд, ки дар ин марҳила маҷмуан ба манфиатҳои миллии мо муқобил аст.

Дар миёни матлабҳои нашршуда ба таври истисноӣ бояд мақолаи Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва Неъматуллоҳ Мирсаидов, шореҳи сиёсиро зикр кард, ки бе сиёҳ кардани ҷониби ҳамсоя, бомулоҳиза ва бо назардошти дурнамои ҳамсоягии нек иншо шудаанд. Навиштаҳои дигар ва ҳатто шеърҳо аз ҳад зиёд эҳсосӣ буда, барои ташаккули назари манфӣ нисбат ба давлату мардуми ҳамсояи қирғиз равон буд, ки онро шартан ба бахшҳои зерин ҷудо мекунем:

Якум, навиштаҳо ва дигар матолиби расонаҳо, ки барои ба даст овардани нафъи сиёсӣ нигаронида шуда, хусусияти дар ин марҳила ва аз вазъият сӯистифода карда, худро ҳомии манфиатҳои миллӣ ва “ватандӯст” намоиш доданро мемонд. Вале як масъалаи калидӣ дар он аст, ки ҳалли масъалаи сарҳадӣ дар салоҳияти давлатҳо аст ва танҳо намояндагони ваколатдори ҳукуматӣ аз уҳдаи ин кор мебароянд ва бояд ин масъаларо ҳал кунанд.

Ҳамагуна фишори якҷонибаи иттилоотӣ ба раванди музокирот (то ҷое пештар дар таҷрибаи Қирғизистон ба назар мерасид) таъсири манфӣ метавонад расонад, ки дар ин марҳила ба манфиатҳои миллии мо мувофиқ нест. Яъне, ба абзори муборизаҳои сиёсӣ табдил додани масъалаи марзӣ аз ҷониби гуруҳҳои манфиатдор нишондиҳандаи барҷастаи набудани тафаккури давлатӣ аст, ки дар марҳилаи ҳозира шояд ягон фоидаи хурде орад, вале дар дарозмуддат рушди муносибатҳои неки ҳамсоягиро халалдор мекунад.

Дуюм, матлабҳо дар фазои иттилоотӣ, ки ҳусни ҳамсоягии нек бо Қирғизистонро сарфи назар мекард ва маводи аз ҳад омиёна (папулистӣ) буд. Агар ҷониби Қирғизистон чизеро хоҳад, табиӣ аст, ки бе ризояти Тоҷикистон ба даст оварда наметавонад. Дар масъалаи Ворух низ ин асл кор мекунад ва гуфтаи роҳбари давлат, ки “дар тӯли 19 соли музокироти марзӣ бо Қирғизистон масъалаи иваз намудани Ворух умуман вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад” ба чунин масъалагузорӣ нукта мемонад.

Албатта вайрон кардани тартиби инъикоси фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳалли масъалаи марзӣ аз ҷониби роҳбари ҳайати музокиракунандаи Қирғизистон ба назар расид, ки мувофиқи ҳуҷҷати дуҷонибаи ҳанӯз соли 2002 имзошуда, бояд баёнияи матбуотӣ мувофиқа мегардид. Ҷониби Тоҷикистон бо назардошти ҳассосияти масъала ҳамеша ин уҳдадории худро риоя мекард ва дар ҳодисаи охирон низ риоя кард. Вале аз ҷониби кишвари ҳамсоя дар ҳар вақти мувофиқ ин тартиб риоя намешавад, ки ба вижагиҳои муборизаҳои дохилисиёсии ин кишвар иртибот дорад ва дар умум қобили қабул ҳам нест. Яъне дар ҷойи холӣ мушкилӣ офарида мешавад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, навиштаҳои омиёна аксар маврид намунаи манфӣ ба вуҷуд меоранд ва фарҳанги фурсатталабӣ ва суистифода шудани мушкилиро бар зарари манфиатҳои миллӣ тавсеа медиҳанд.

Агар навиштаҳои эҳсосиро ҳамчун “ибрози мавқеи шаҳрвандӣ” маънидод кунем, дар кишвар даҳҳо масъалаи дигар мавҷуданд, ки ба он чунин амал кардан шояд нафъи зиёд дошта бошад.  


Сеюм, сиёҳкунии ҳамсояҳо, ангезиши кинаву адоватӣ қавмӣ ва ҳатто навиштаҳои аз диди муҳтаво ба “эълони ҷанг” шабоҳат дошта низ ба назар расиданд. Дар ин самт, дар фазои маҷозии ду кишвар сатҳи баланди таҳқири якдигар мушоҳида шуд. Паст задани қавмҳо, ибрози андеша ба таври қабеҳ, сиёҳкунии зиёд, бефарҳангу ваҳши унвон кардани ягдигар ва ғайра ба назар расиданд. Бахусус, дар саҳифаи фейсбукии Ҳамроҳхон Зарифӣ таҳқирҳои зиёди шаҳрвандони кишвари ҳамсоя нисбат ба тоҷикон ва худи шахсияти ин ходими давлатӣ ба назар расид, ки аксар маврид аз ҷониби саҳифаҳои фейкӣ навишта шуданд. Яъне ҳадафмандонаю аз рӯйи барномаи махсус амалӣ шудани ин иқдом баръало маълум буд, ки шояд ҷонибе барои аланга ёфтани зиддият байни тоҷикону қирғизҳо манфиатдор буданд.

Ба таври умумӣ, муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ фурсатталабӣ, суъистифода аз вазъ, сиёҳкунӣ ва ангеза додани бадбинии қавмиро ба намоиш гузошт.

Албатта, ҳар инсон ҳуқуқи табиии озодии баёнро дорад ва маҳдуд намудани он дуруст нест. Ибрози назар дар чунин масъалаи ҳассос бояд танҳо бо риояи одоби баҳс ва мутобиқ ба қонунгузории амалкунанда сурат гирад, ки то ҷойе мазмуни на сӯзанда, балки созандаро касб мекунад.

Перомуни бардоштҳо изҳороти Қамчибек Тошиев дар атрофи Ворух бояд зикр шавад, ки бо назардошти замони баёни изҳорот ва вижагиҳои шинохти равандҳои дохилисиёсии Қирғизистон он пеш аз ҳама ба аудиторияи дохилӣ, яъне ба шаҳрвандони худи ин кишвар нигаронида шуда, мухотабони асосӣ – гуруҳҳои сиёсии Қирғизистон буданд. Таҳлили ороми имрӯза нишон медиҳад, ки (тавре дар боло ишора кардем) роҳбарияти кунунии Қирғизистон шанси таърихӣ доранд, то худро воқеан ҳомии манфиатҳои миллӣ ва шахсони дорои тавони ҳаллу фасл кардани ин масъала муаррифӣ кунанд. Барои собит намудани ду нуктаи боло, мисолҳои зеринро меорем:

Акс аз elgezit.kg/

1. Рузи 11 апрел дар ин кишвар райъпурсии умумихалқӣ барои қабули конститутсияи нав сурат гирифт, ки ба ибораи Содир Жапаров бори нахуст аз рӯйи таҷрибаи худи ин кишвар таҳия шудааст. Баъди ҳодисаҳои моҳи октябри соли 2020 ва як буҳрони амиқи дохилисиёсӣ дар Қирғизистон раванди ташаккул ёфтани низоми нав – шакли идоракунии президентӣ ҷараён дорад. Инак, баъди интихоботи президентӣ ва райъпурсии умумихалқӣ барои нав шудани низоми сиёсӣ танҳо интихоботи парлумонӣ боқӣ мемонад, ки аз рӯйи маълумоти ВАО дар тобистони 2021 ё то охири ҳамин сол сурат гирад. Ҳалли масъалаи марзӣ бо Тоҷикистону Узбекистон эҳтимолияти пирӯзии ҷонибдорони президенти амалкунандаро дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ бештар мекунад ва бо назардошти интихоботи ахири моҳи октябри соли 2020 ба Жокоргу Кенеш ин омил  аҳамияти баландро касб менамояд.

2. Дар фазои иттилоотии Қирғизистон масъалаи ҳалли мушкилоти марзӣ ҳассос буд ва сокинои минтақаҳои наздимарзӣ ва сиёсатмадорон аз он васеъ суъистифода мекарданд. Гуфтори Қамчибек Тошиев зимни вохурӣ бо сокинони марзӣ перомуни он ки “соҳиби замин давлат аст ва танҳо давлат тасмими иваз кардан ё накардани онро дорад” як паёми ҷиддӣ ба шумор меравад. Чунки пештар чунин баёни масъала бо шаҳрвадон ба назар намерасид ва як нуктаи фавқуллода аст. Чун пештар мардум бидуни ивази замин хостори ҳалли масъала буданд, ки амалан тамоми гуфтушунидро ба бунбаст мебурд ё баъди ниҳоӣ шудани масъала, роҳбари ҳайат иваз мешуд, ки масъаларо боз ба дарозо мекашид.

3. Бо назардошти он ки аксари нуктаҳои баҳснок бо Тоҷикистону Ӯзбекистон дар вилоятҳои ҷанубии ин кишвар қарор доранд ва роҳбарони имрузаи Қирғизистон обрую этибори махсусро дар ин минтақаҳо доранд, эҳтимоли ҳал шудани масъалаи марзиро бештар мекунад. Гузашта аз ин, тавре дар боло низ ишора шуд, ҳалли масъалаи марзӣ маҷмуан дар водии Фарғона аҳамияти махсусро барои кулли давлатҳои Осиёи Марказӣ дорад ва эҳтимол шароитро дар сатҳи минтақавӣ сифатан дигар кунад.

Дар умум, ҷониби Қирғизистон бо чунин баёни масъала пеш аз ҳама хостаҳои аслии худро ба намоиш гузошт. Гарчанде аз байн бурдани “анклавҳо” дар дохили ҳудуди ин кишвар як назари қадима аст ва ҳанӯз 11 сол пеш аз ҷониби коршиносони ин давлат матраҳ шуда буд. Дар ин росто, минбаъд чӣ гуна шудани афкори умум ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон агар масъала ниҳоӣ ва ивази заминҳо сурат гиранд, як навъ омӯхта шуд, ки эҳтимол ба муҳтавои гуфтушуниди минбаъда низ таъсир расонад. Чун танҳо дар ин ҳолат манфиатҳои ҷонибҳо ба назар гирифта мешаванд. 

Дурнамои рушди вазъ ва роҳҳои ҳалли масъала

Ягона роҳи ҳалли масъала, ки метавонад хусусияти устувор дошта бошад, ҳамсоягии нек ва рушди равобити ҳасанаро таҳким бахшад – ин ба назар гирифтани манфитаҳои тарафайн аст. Яъне омили марз аз мушкилу масъала бояд ба омили имкони рушди ҳамкориҳо табдил ёбад. Барои чунин шакл гирифтани низоми муносибатҳо тамоми шароити лозима мавҷуд аст.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ модел ва тартиби ҳалли масъалаҳои марзӣ мавҷуд аст, ки дар ҳолати вуҷуди ирода метавонад барои мушаххас намудани сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон истифода шавад. Дар илмҳои ҷомеашиносӣ самти махсусе бо номи лимология мавҷуд аст, ки шароити ташаккул ва танзими сарҳади давлатиро бо истифода аз методологияи махсус меомузад ва тартиби таҳияи пешниҳоду роҳҳалҳоро низ дорад. Бинобар ин, аз он ки масъаларо баъзе коршиносон сарбаста унвон кардаанд, то ҷойе дуруст нест. Чун барои ҳалли масъала ду чиз муҳим аст: эътирофи манфиатҳои тарафайн ва мавҷуд будани иродаи сиёсӣ. Хушбахтона имрӯз ҳарду тезис дар ҷонибҳои музокиракунанда ба назар мерасад, ки эҳтимоли ҳал шудани масъаларо зиёд мекунад.


Шояд як модели мувофиқ ва то ҷойе муваффақ ин истифодаи амалии таҷрибаи ҳалли масъалаи марзӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бошад, ки бинобар сабабҳои айнӣ ва прагматикӣ талаботу хостаҳои ҷонибҳои тоҷику қирғизро бароварда кунад. Бояд гуфт, ки масъалаи мушаххас намудани марз байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавзуи оддӣ набуд ва вижагиҳои худро дошт.

Шакли муносибати ду ҷониб ба масъала имкон дод, он дар фурсати кутоҳ ҳаллу фасл шавад ва аз омили “мушкилзо” ба омили ҳамкориҳои наздик табдил ёбад. Ба ин масъала зимни анҷоми сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9 марти соли 2018 нукта гузошта шуд ва мавзуи мушкил ин тақдири минбаъдаи НБО-и Фарҳод буд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъмини амнияти сарбандро Тоҷикистон таъмин мекунад ва НБО-ро Узбекистон истифода менамояд. Созишнома барои 49 сол баста шуда, ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо ҳақ надорад, амали ин ҳуҷҷатро якҷониба қатъ намояд. Яъне таҷрибаи худӣ дар водии Фарғона барои ҳалли масъалаи мушкили марзӣ мавҷуд буда ва шоиста аст, то он омӯхта шавад ва васеъ истифода гардад.

Дар муддати кӯтоҳ ҳаллу фасл шудани масъалаи хати марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон ба ҳамон ду омили дар боло зикр шуда иртибот дорад, яъне будани иродаи сиёсии ҳалли масъала ва эътирофу эҳтироми манфиатҳои миллии тарафайн. Як ибрате, ки имруз амалишавии он байни Тоҷикистону Қирғизистон ба мушоҳида мерасад, нав кардани ҳайат ва роҳбарияти ҷонибҳои музокиракунанда аст.

Бо истифодаи аз модели ҳалли масъалаи марзӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавон гуфт, ки бо назардошти иродаи сиёсии сарони давлатҳо, роҳбарони ҳайатҳо барои ҳалли масъала кӯшиши зиёд ба харҷ доданд ва ниҳоят муваффақ шуданд.

Дар интиҳо бояд зикр шавад, ки тавре аз ҳикмати тоҷикӣ “аз хеши дур – ҳамсояи наздик беҳтар аст” бармеояд, доштани ҳамсояи нек барои пешрафт ва рушди устувор мусоидат мекунад. Масъалаи марзӣ мушкилие ҳам бошад, ҳатман рӯзе ҳал мешавад ва хуб аст, агар он бо назардошти манфиатҳои тарафайн танҳо бо роҳи гуфтушунид ба анҷом расад.

Дар ин самт, даъвати президенти муҳтарами кишвар ба сокинони шаҳри Исфара перомуни он ки “бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд” ба кулли сокинон ва умуман шаҳрвандони мамлакат дар дохилу хориҷ дахл дошта, ба назар гирифтану фаромӯш накардани он имрӯз бисёр муҳим мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.