Раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон бар пайи афзоиши танишҳои ахири марзӣ мулоқот кардаанд. Ин мулоқот имрӯз, 28 апрел дар минтақаи нейтралии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доир шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ҷонибҳо муаммоҳои дар марз ба вуҷуд омадаи се моҳи ахирро баррасӣ кардаанд. Аз қумла гуфта мешавад, ки барои ба ҳолати аввала бозгардонии робитаҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳар ду тарафи омодагии худро изҳор кардаанд ва интизор меравад, ки равуо ва доду гирифти молу коло чун солҳои пеш ба роҳ монда шавад.
Баргузории ин мулоқот дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон бар пайи ҳодисаҳои рабудан шудани шаҳрвандони ду тараф аз сӯйи мақомоти марзбонӣ сафирони якдигарро дар кишварҳои худ эҳзор кардаву ба дасташон нотаи эътирозӣ супурдаанд.
"Ҷонибҳо масъалаҳои мубрам, аз ҷумла пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар сарҳад, ҳалли саривақтии обёрии заминҳо, бе дахолати мақомоти қудратӣ ва дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал намудани муаммоҳои ба миён омада ва амсоли инро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд масъалаҳо ҳар ҳафта дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо ва моҳе ду маротиба дар сатҳи раисони вилоятҳо баррасӣ карда шавад"- хабар додааст манбаъ.

Ҳамчунин дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки тоҷикону қирғизҳо давоми асрҳо дар ҳамсоягии ҳам зиста, бо риояи анъанаҳои неки ҳамзистии осоишта дар рӯзҳои шодиву сурур ва сӯзу мотам дар паҳлуи якдигар буданд, зеро ҳамсояро интихоб намекунанд.
Дар ин дидор масъалаи обёрии заминҳо ҳам ба баҳс кашида шудааст, ки ахиран чанд таниши марзӣ бар сари об дар деҳаи Хоҷаи Аъло Исфара ва Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар зад. Қирғизистон дар ин авохир изҳорот дод, ки дар саргаҳи дарёчаи Хоҷабоқирғон се обанбор месозад. Тоҷикистон мегӯяд, ки бунёди обанборҳо бояд бо Тоҷикистон мувофиқа шавад.
Аз оби ин дарё бархе аз заминҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оби нӯшокии шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстони вилояти Суғд таъмин мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста