Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов шоми 28-уми июн бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ӯро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон истиқбол гирифт.
Баъдан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистонро ба сайри дараи Варзоб ба қароргоҳи беруназшаҳрии "Баҳор" бурд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон сафар ба Варзобро "шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ" унвон кардааст.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аз ҷузъиёти дигари дидори Эмомалӣ Раҳмону Содир Ҷабборов иттилое нашр накардааст.
Имрӯз дар назар аст, ки дар доираи сафари Содир Ҷабборов гуфтушунди дуҷониба бо Эмомалӣ Раҳмон сурат бигирад. Дар ин гуфтушунид мавзуъоти муҳимми ҳамкории ду тараф, аз ҷумла масоили марзии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад, гуфтааст торнамои президенти Қирғизистон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста