Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 3 август бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Туркманистон - шаҳри Ашхобод шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ имрӯз, 4 август миёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар баррасӣ мегардад.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Рӯзи 6 август дар шаҳри Авази Турманистон, ки бо осоишгоҳу фароғатгоҳҳояш маъруф аст, Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат меварзад.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони Кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин қаблан ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон 5 август дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Иброҳи Раисӣ ширкат намекунад. Чун рӯзи маросими савганд бо сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рост меояд.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз қабл ҳамоҳанг шуда буд ва давоми як соли ахир барои анҷом шудани ин сафар ва масоили марбути он бо ҷониби Туркманистон ройзаниҳо доштем.

Ӯ илова намуд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар маросими савгандёдкунии Иброҳим Раисӣ раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода роҳбарӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.