Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 11 август cафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Мэтю Лоусонро бинобар ба итмом расидани ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Тавре дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ибрози андеша намуда, ҳавасмандии хешро баҳри таҳкими баъдии муносибатҳо баён карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ ба Мэтю Лоусон барои саҳмаш дар густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва робитаҳои дӯстӣ байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ  изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард.

Қобили зикр аст, ки Мэтю Лоусон нимаи соли 2019 ба вазифаи сафири Лондон дар Тоҷикистон таъин шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.