Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 октябр бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф овард.
Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар фурудгоҳи Орлии шаҳри Париж президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.
Дар толори меҳмонхона ба сарвари давлат аз ҷониби роҳбарияти ин муассиса ва кормандони сафорати Тоҷикистон дар Париж истиқболи самимӣ зоҳир шуд.
“Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намояд”, - омадааст дар хабари дафтари матбуоти президент.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар доираи сафар Эмомалӣ Раҳмон 13 октябр дар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии “Тоҷикистон - кишвари рӯдҳои тиллоӣ”, ки дар Осорхонаи миллии санъати шарқ - Гимеи шаҳри Париж доир мегардад, иштирок мекунад.
Инчунин иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари кории ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) ба нақша гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста