Дирӯз, 28 октябр раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Ассамблеяи Парламентии САҲА Маргарета Седерфелд мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуотии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки парлумони САҲА шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро бо шарикони аврупоӣ дар тамоми соҳаҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг хуб арзёби карда мешавад.
Зокирзода гуфтааст, Тоҷикистон мутобиқ ба принсипҳои САҲА ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ хоҳони ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба вазъи ҷории Афғонистону минтақа ва ояндаи равобити дуҷониба табодули назар намуда, қайд намудаанд, ки хурдтарин кумак ба ин кишвари азияткашида, хурдтарин иқдом ҷиҳати ободонии он барои гузоштани боз як қадами дигар ба пеш дар самти рушд ва раҳоӣ ёфтани он аз мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.
- Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи ин кишвар вобастагӣ дорад,- қайд шудааст дар мулоқот.
Раиси палатаи поёнии парлумон таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистонро пешниҳод менамояд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни парлумонҳо мавриди муҳокима қарор доданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста