Бино ба маълумоти дарёфтии “Asia-Plus” Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Алишер Мирзонабот, ки то ин вақт дар симати раиси шаҳри Хоруғ буд, таъин шудааст. Аммо манбаъ далелҳои барканории Ёдгор Файзовро нагуфт.
Як манбаи муътамад ва наздик ба ҳукумати ВМКБ ба “Asia-Plus” гуфт, ки ин тағйирот субҳи 5-уми ноябри ҳосил шуда ва қарор аст имрӯз баъд аз зуҳр раиси нави вилоят муаррифӣ шавад.
Аммо маълум нест, ки Ёдгор Файзов ба мансаби дигари давлатие таъину пешбарӣ шудааст ё не.
Дар ҳамин ҳол Ғолиб Ниётбеков, сухангӯйи ҳукумати ВМКБ дар як тамоси телефонӣ ба “Asia-Plus” гуфт, ки “ҳоло чизе дақиқ нест, барои дақиқ шудани ин мавзуъ пас аз нисфирӯзӣ тамос гиред”.
Ҳамчунин як мансабдорои баландпояи ҳукумати ВМКБ ба мо гуфт, ки дар назар аст, ки соатҳои12-13-и имрӯз маросими муаррифии раиси нави вилоят сурат бигирад.
Ба гуфтаи манбаи “Asia-Plus”, Руслан Шоиков ба ҷойи Алишер Мирзонабот раиси шаҳри Хоруғ таъин шудааст.
Ёдгор Файзов, ки дар миёни ҷомеаи Бадахшон ба унвони раиси Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон аз нуфузи зиёде бархӯрдор буд, 1-уми октябри соли 2018, пас аз норизоятии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори раҳбарии пешини ВМКБ, раиси ин вилоят таъин шуда буд.
Баъд аз раиси ВМКБ шудан, Файзов бо амалкардҳои барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайримаъмул ва суханрониҳои бепардаву барои мардум ва расонаҳо дастрас буданаш, хеле маъруф шуд. Ӯ дар мусоҳибаҳои зиёде бо расонаҳо ва ҳузури шахсияш дар даргириҳо ва гирдиҳамоиҳо ба яке аз мансабдорони мардумгаро ва қобили эътимод табдил ёфт.
Алишер Мирзонабот, ки ҳоло гуфта мешавад раиси ВМКБ таъин шудааст, то моҳи октябри 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд, ки муовини аввали Ёдгор Файзов таъин шуд ва соли гузашта пас аз интихоботи президенти Тоҷикистон аз муовинати раиси ВМКБ барканор ва раиси шаҳри Хоруғи ин вилоят таъин шуда буд.
Тафсилоти дигари хабар нашр мешавад.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
natali5 ноябр, 2021 11:03
Единственный нормальный лидер,соответствующий всем качествам настоящего руководителя, которому народ доверял, и на которого полагался. Очень жаль! Акаи Едгор вы сделали все что было ваших силах, спасибо Вам за это.
Посмотрим как поведет себя ваш заместитель,хватит ли у него мужества что то полезное сделать для своего народа или нет покажет время. А новоиспеченного мэра на мыло,подхалимаж у него зашкаливает из всех дырок...ай му Бадахшон бечора