Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ дар робита ба «масъалаи Тайван» гуфт, ки Тоҷикистон сиёсати «Чини ягона»-ро ҷонибдорӣ мекунад. Ин изҳорот, имрӯз, 4 август дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд.
ВКХ аз ҷумла гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
“Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад, мо ҷонибдори сиёсати «Чини ягона» ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем”, - омадааст дар изҳороти мазкур.
Ин ниҳод афзудааст, ки таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад.
Вокуниши Тоҷикистон дар “масъалаи Тайван” дар ҳолест, ки имрӯз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ бо нашри як изҳорот ҷонибдории худро аз сиёсати “Чини ягона” иброз дошта буданд.
Ёдовар мешавем, ки вазъ атрофи Тайван рӯзҳои 2 ва 3 августи соли равон дар пасманзари сафари Нэнси Пелосӣ, раиси палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба ин ҷазира, ки Чин онро музофоти худ медонад, шиддат гирифт.
Сафари сиёсатмадор бо вуҷуди таҳдидҳои азими Чин сурат гирифт ва бо вуҷуди ин, Пелосӣ дар рафти сафар ба Тайбэй бо Тсай Инвэн, сардори маъмурияти ҷазира вохурд.
Дар пайи сафари пелосӣ, Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин изҳор дошт, ки Чин аз нисбати неруҳое, ки аз истиқлолияти ҷазира ҳимоят мекунанд, чораҳои қатъӣ меандешад.
- Муттаҳидшавии Чин бо Тайван як масъалаи ногузирии таърихӣ аст ва кӯшишҳои истифодаи ҷазира барои ҷилавгирӣ аз Чин маҳкум мешаванд”, - афзуд ӯ.
Ҳамин тариқ, дар пасманзари ин сафар Пекин алайҳи Тайбэй бархе таҳримотро шурӯъ кард. Аз ҷумлаи маҳдудиятҳо манъи содироти қум, воридоти меваҳои ситрусӣ ва бархе аз навъҳои моҳии яхкардашуда аз минтақа ҳастанд.
Аз соли 1997 инҷониб, ин нахустин сафари раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван аст.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста