Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дирӯз, 21-уми ноябр, аз сафирони нави Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина, Аргентина, Мексика ва як қатор кишварҳои дигар эътимоднома қабул карда, бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони Иттиҳоди Аврупо - Раймундас Кароблис, Латвия - Рейнис Трокша, Шветсия - Томас Данестад, Финляндия - Илка Райсанен ва Юнон - Екатерина Насикаро ба ҳузур пазируфт ва эътимодномаҳояшонро қабул кард.

Акс аз сомонаи Президенти ҶТ

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия - Семён Григорев, Куба - Оскар Сантана Леон, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика - Гилермо Алехандро Пуэнте, Аргентина - Леополдо Франисико Саорес, Чад - Маҳамуд Адам Башир ва Гана - Эрик Овусу-Боатенг пазируфтааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо итминон иброз доштааст, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногусоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.