Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмон ба Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ва мардуми ин кишвар изҳори таслият карда, ҳамзамон, ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи изҳори тасаллӣ ба ҳамтои эронияш Иброҳим Раисӣ гуфтааст, “дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ҳамдардӣ ва таслияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсту бародари Эрон, пайвандону наздикони ҷонбохтагон иброз менамоям”.
“Аз Худованди мутаъол барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам”, - дуо кардааст раисҷумҳури Тоҷикистон.
Сарвари кишвар афзудааст, “Тоҷикистон чун ҳамеша терроризмро дар ҳама гуна зуҳуроташ шадидан маҳкум карда, зарурати муборизаи беамонро алайҳи он мудом таъкид мекунад”.
Маврид ба зикр аст, ки бар асари таркишҳо дар маросими солгарди ёдбуди фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ дар макони дафнаш, оромгоҳи Гулзори Шуҳадои музофоти Кирмон 103 нафар ҳалок шуданд.
Ҳамчунин, 211 нафари дигар осеб дида, вазъи солимии 27 нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Имрӯз, 4-уми январ дар Эрон мотами миллӣ эълон шуд.
Тафсилоти ин воқеаро дар хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Аз Театри миллӣ то чанд вазоратхона. Миллионҳо сомонии иловагии ҳукумат барои идомаи сохтмони чанд иншооти ҳукуматӣ
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар марказҳои савдои Душанбе дар робита ба либоси бегона
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2025
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста