Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе бинои нави Сафорати Ӯзбекистонро ифтитоҳ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ифтитоҳи бинои намояндагии дипломатӣ дар чаҳорчӯби сафари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сурат гирифт.

“Нахуст, сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Душанберо расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сипас, ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон садо дод”, - навишт хадамоти матбуот.


Бинои нав дар ноҳияи Зарафшони пойтахт, дар наздикии сафорати ИМА дар Душанбе воқеъ аст.

Сарони давлатҳо дар китоби меҳмонон соядаст гузошта, ба таҳкими дӯстии байни кишварҳо изҳори умедворӣ карданд.


Гуфтан ба маврид аст, ки ин бинои нави сафорат аст ва бинои қаблии он дар хиёбони Рӯдакӣ, дар паси Кохи Ваҳдат қарор дошт.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ҷумҳуриҳо 22-юми октябри соли 1992 барқарор шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе Сафорати Ӯзбекистон ва дар шаҳри Тошканд сафорати Тоҷикистон фаъолият доранд.


Ёдовар мешавем, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дирӯз бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд, бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва шоми гузашта онҳо дар “Шоми дӯстӣ” ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.