Пагоҳ, 17-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти дуввуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон меравад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон пагоҳ, 17-уми сентябр дар Остона бо ширкати сарони 5 давлати Осиёи Марказӣ ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс баргузор мешавад.
Шолтс ҳоло бо як сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад ва интизор меравад, ки давоми рӯз ба Остона равад.
Манбаъи мо гуфт, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои хориҷӣ ва чанде аз шахсони расмии дигар ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Олаф Шолтс ё дигар сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи ин нишаст суҳбати хоса анҷом медиҳад ё не.
Нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати роҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор шуда буд.
Дар ҳошияи нишасти соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуда, бо як қатор роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ карда буд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста