Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Шӯрои амнияти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои 5-6-уми сентябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.
Иштирокчиёни маҷлис лоиҳаи низомномаро дар бораи маблағгузорӣ ва амалӣ сохтани барномаҳои мақсадноки алоҳидаи байнидавлатии СААД ва нақшаи машваратҳоро бахшида ба масъалаҳои сиёсати берунӣ, амният ва мудофиа дар давраи нимаи дуюми соли 2008 ва нимаи аввали соли 2009
ва омода сохтани мутахассисони хадамоти гуногуни амниятиро дар кишварҳо муҳокима мекунанд. Дар Маҷлиси Шӯро сарвари давлатро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар маҷлис масъалаи қазияи Қафқоз пас аз даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ ва Гурҷистон низ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.
Инчунин ҷараёни иҷрои нақшаи ҳамкории низомии мамлакатҳои аъзои созмон то соли 2010, аз ҷумла, ташкили гурӯҳи муттаҳидаи артиши амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ карда мешавад.
Айни ҳол Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.



"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста