Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 63-уми Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон перомуни масъалаи об ақидаҳои худро изҳор намуд. Аз ҷумла, ӯ чунин баён дошт: «Нақши муассири об натанҳо барои истеъмол, балки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои истеҳсолот, ҳифзи муҳити зист ва рушд маъруф аст. Ҳалли проблемаҳои муҳимтарини вобаста ба об, рушди ҳамкории байналхалқӣ дар ин соҳа аз ҷумлаи вазифаҳои Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» мебошад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.
Ман аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват менамоям, ки
намояндагони воломақоми худро соли 2010 барои иштирок дар анҷумани байналхалқии бахшида ба оби тоза бо мақсади муҳокима ва баррасии муштараки татбиқи «Рӯзномаи байналхалқӣ оид ба проблемаҳои об» ба Душанбе фиристанд.
Дар давоми якчанд соли охир чорабиниҳои зиёди сатҳи гуногун доир карда шуданд, вале шиддати ин мушкилот то ҳанӯз боқист.
Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаву баррасии умумӣ ва ҳалли проблемаҳои об, муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешниҳод мекунад, ки иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масоили об гузаронида шавад.
Иҷлосияи мазкур метавонад ҷараёни ҳалли мушкилоти Даҳсолаи обро арзёбӣ карда, масъалаҳои афзалиятноки минбаъдаро муайян намояд». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
“Ҳукми сангин” ва “додгоҳ кӯдаки ширхорро ба инобат нагирифт”. Вокунишҳо ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста