Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Бишкек дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) иштирок хоҳад кард.

            Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷаласа баррасии 21 санад дар назар аст. Дар музокирот ба масъалаи таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 ва бастаи асноди Консепсияи рушди минбаъдаи иттиҳод таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, дар назар аст, ки сарони кишварҳо инчунин масъалаи соҳаи энергетикаро чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соли 2009 муайян кардан ва бо пешниҳоди Белорус соли 2009 - ро   Соли ҷавонон дар ИДМ эълон карданро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Бино ба иттилои манбаъ, сарварони давлатҳои узви иттиҳод атрофи масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қабули қарор дар бораи таъсиси медали ягонаи «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» низ ибрози назар хоҳанд намуд.

Дар нимаи дуввуми рӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) доир мегардад. Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд. Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузашт.

Шоми имрӯз баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст ва пас аз анҷоми он президенти Тоҷикистон ба ватан бармегардад. Дар сафар сарвари давлатро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом Бобозода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.