Душанбе. 14-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шарофиддин Имомов сафири Тоҷикистон дар Афғонистон таъин карда шуд.

            Аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки Ш.Имомов қаблан дар Донишкадаи шарқшиносии Академияи улуми ҷумҳурӣ, дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият намуда, номзади улуми филология ва олими исломшинос мебошад.