Душанбе. 20-уми октябр - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар бинои собиқ   кинотеатри То ҷ икистони пойтахт, ки   баъди таъмиру   тармим ва азнавсоз ӣ   номи кохи То ҷ икистонро гирифтааст, бо иштироки   Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон   Эмомал ӣ Раҳмон   базми бошукўҳи фалакхон ӣ баргузор гашт. Месазад таъкид намуд, ки   маҳз   бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Эмомал ӣ Раҳмон   санъати фалакхон ӣ ба қатори ҳунарҳои   касбии овозхон ӣ шомил гашта, ансамбли   «Фалак» мақоми давлат ӣ гирифт ва баҳри риво ҷ у равнақи он ки   аз қаъри   асрҳо аз шебу фароз ва таъкибу тазйиқҳои бешумор гузашта ба рўзҳои мо расидааст, ҳар сол 10 октябр рўзи санъати фалак расман та ҷ лил мегардад.

Дар базми имрўзаи фалакхон ӣ ҳунармандони шинохтаи ансамбли давлатии «Фалак» ва ҳунарпешагони касбию ҳаваскор аз минтақаҳои гуногуни То ҷ икистон ва ҳамчунин кишварҳои Афғонистону Эрон иштирок намуда, бори дагир собит   намуданд, ки фалак як навъ санъати   воло ва дорои таърихи рангину кўҳани миллати фарҳангпарвару бостонии то ҷ ик аст.

Сарвари давлат иштироки ҳунармандони афғону эронро, ки   маҳорати   баланди   фалаксаро ӣ нишон   доданд, бо хушнуд ӣ мушоҳида карда, ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда   дар То ҷ икистон озмуни   байналмилалии фалаксаро ӣ ба роҳ монда шавад ва нати ҷ аҳои он дар   рўзи фалак 10 октябр ҷ амъабаст гардад. Президенти мамлакат ҳамчунин ба маҳорати баланд ва истеъдоди нотакрори духтараки нобинои фалаксаро   Матлуба Раҳимова, ки аз ноҳияи Ёвон омадааст, баҳои баланд дода, ба роҳбарияти   Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷ умҳурии То ҷ икистон дастур дод, ки ўро таҳти сарпараст ӣ ва таълиму тарбияи худ қарор бидиҳанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.