Душанбе. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26 то 28-уми ноябр бори дуввум аз Ҷумҳурии Исломии Эрон боздид хоҳад кард.

            Тавре аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни сафар дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва аъзои ҳукумати ин кишвар дар назар аст. «Дар дидору гуфтушунидҳо масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории иқтисодию энергетикии ду кишвари дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор мегиранд», - изҳор дошт манбаъ.

            Ба иттилои сарчашма, ҷонибҳо атрофи масоили вазъи ҷаҳон ва минтақа низ табодули афкор хоҳанд кард. «Соли равон ин сафари дуввуми президенти Тоҷикистон ба Эрон мебошад», - афзуд манбаъ. Ёдрас мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли равон ба Эрон сафари расмӣ анҷом дода буд.