Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми феврал дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Маскав иштирок хоҳад кард.
Тавре робари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, худи ҳамон рӯз Э.Раҳмон инчунин дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони кишварҳои аъзо низ ширкат хоҳад варзид.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё масъалаҳои таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ва Маркази технологияи муосир дар чаҳорчӯбаи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ба иттиҳоди иқтисодии Авруосиё кишварҳои Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон шомил мебошанд. Соли гузашта Ӯзбекистон аз узвият ба ин иттиҳод даст кашид.
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сайёди зоҳиднамо ва мурғи зирак”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста