Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии навбатии сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал ба шаҳри Алмаато раҳсипор гардид.
Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар сафар сарвари давлатро вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ Саиди Ёқубзод ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хурсандмурод Зикиров ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқот баррасии масоили марбут ба фаъолияти бунёд, ташкили ҳайати нави мақомоти оинномавӣ, таҳкиму густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва кишварҳои мададрасон дар назар аст.
Тирамоҳи соли гузашта тибқи қарори сарони кишварҳои муассиси Бунёд, Қазоқистон дар давоми солҳои 2009-2011 раиси Бунёд интихоб гардид. Моҳи декабри соли гузашта бошад, дар бораи ба Бунёд додани мақоми нозир дар Маҷмаи Кулли СММ аз ҷониби маҷмаъ қатънома қабул карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки Бунёди байнулмилалии баҳри Арал соли 1993 баҳри бартараф сохтани бӯҳрони экологӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал аз ҷониби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.



Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста