Душанбе. 14-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар То ҷ икистон Юрий Попов эътимоднома қабул намуд.

Дар с ӯ ҳбати сарвари давлат бо Юрий Попов, ки баъди маросими эътимодномасупор ӣ сурат гирифт, масоили кунун ӣ ва дурнамои ҳамкории То ҷ икистону Русия баррас ӣ шуд.

«Дар ма ҷ м ӯ ъ мо аз рушди муносибатҳои гуногун ҷ анбаи То ҷ икистону Русия қаноатмандем, зеро солҳои охир корҳои зиёд ба ан ҷ ом расидаанд», - изҳор дошт дар оғози с ӯ ҳбат   Эмомал ӣ Раҳмон.

Зимни с ӯ ҳбати ошкоро беш аз ҳама аз сатҳ ва мазмуни ҳамгироиҳои миёни сохторҳои қудрат ӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, илму маориф ва фарҳанг қаноатманд ӣ зоҳир гардид.

Ҳамкориҳои энергетикии ду кишвар аз самтҳои стратегии муносибатҳои То ҷ икистону Русия маънидод шуд ва таъкид гардид, ки та ҷ риба ва робитаҳои судманди дар сохтмони муштараки нер ӯ гоҳи обии Сангт ӯ да-1 бадастомада бояд дар бунёди дигар нер ӯ гоҳҳои об ӣ мавриди баҳрабардор ӣ қарор гиранд.

Сарвари давлат аз рафти татбиқи баъзе санадҳои ҳамкории ду ҷ ониба изҳори норозиг ӣ карда, таъкид дошт, ки суръат бахшидани корҳо баҳри оғози сохтмони 3 нер ӯ гоҳи миёнаиқтидори об ӣ , истихро ҷ у коркарди газу нафт ва уран бояд аз ҷ умлаи вазифаҳои асос ӣ барои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар бошанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии минтақа ва дигар масоили мавриди тава ҷҷ ӯ ҳ гуфтуг ӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.