Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - RFE/RL ва Freedom House гузориши наверо дар бораи вазъи равандҳои демократӣ дар кишварҳои дар ҳоли гузор нашр карданд. Муаррифии он шоми сешанбе, 30-юми июн дар дафтари RFE/RL (Радиои Аврупои Озод- Радиои Озодӣ) дар Прага баргузор гашт. Мудири созмони Хонаи Озодӣ (Freedom House) дар Аврупо, Владимир Школников дар маҳфили муаррифии гузориш гуфт, соли 2009 барои кишварҳои нави Аврупои Марказӣ ва Авруосиё соли мушкиле буд ва дар таърих бо давраи ташаккули "режимҳои устувори авторитарӣ" боқӣ хоҳад монд.

Дар гузориш аз 29 кишвари мавриди мутолиа дар 18-тои онҳо ҳамаи нишондиҳандаҳои демократия поин омадаанд ва дар 8 кишвар "режимҳои устувори авторитарӣ" таъсис ёфтаанд. Инҳо, Беларус, Русия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон будаанд, ки бо вуҷуди тафовутҳо дар ҷузъ умумиятҳои қавие дар кул доранд.

            Тоҷикистон дар ин арзишёбӣ як намунаи рӯшан дониста мешавад. Чунончи, агар дар соли 1999-2000 ин кишвар аз рӯйи ҷадвали 1-беҳтарин демократия ва 7 -- бадтарин ҳокимияти авторитарӣ 5.75 баҳогузорӣ шуда буд, ҳоло баҳои он 6.14-ро ташкил медиҳад. Дар бархе аз ҷанбаъҳои баҳои Тоҷикистон зиёда аз 1 дараҷа поён афтодааст. Ин ҷанбаъҳо -- хосияти демократии низоми давлат бо тақсими ошкорои шохаҳои қудрат, интихоботи озоду одилона ва шаффоф, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии матбуот, ҳимоя аз ҳуқуқи инсон ва ақаллиятҳои миллию мазҳабӣ, баробарии ҳамагон дар назди қонун, истиқлолияти додгоҳ ва сатҳи фасоди моливу таъсири он ба кори давлат, иқтисодиёт, иҷрои қонун мебошанд.

Дар ҳамаи ин самтҳо баҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ поён афтодааст ва фосилаи байни онҳо назар ба соли гузашта камтар шудааст. Чунончи баҳои куллӣ ба вазъи демократия дар онҳо: Қирғизистон 6.04, Русия - 6.11, Озарбойҷон - 6.25, Қазоқистон - 6.32, Тоҷикистон 6.14, Беларус -- 6.57, Узбакистон - 6.89, Туркманистон - 6.93. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи радиои Озодӣ хабар медиҳад.