Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои иктишофиву геологӣ дар майдони нафтугаздори Сариқамиш, ки дар қаламрави ноҳияи Шаҳринав воқеъ аст, аз наздик ошно гардид. Айни замон ин корҳоро дар майдони мазкур корхонаи фаръии ҶСК «Газпром»-и Русия – ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» ба иҷро расонида истодааст.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» дар ҶТ Екатерина Кожевникова иттилоъ дод, дар ҷараёни сафар ҳайати ҳукумати ҶТ аз қароргоҳи коргарон боздид намуда, бо зерсохтор ва шароити маишии коргарон ва ҳамчунин рафти корҳо аз наздик шинос шуд. «Мақомоти раҳбарии ҶСП «Газпром зарубежнефтегаз» ва мутахассиони корхонаи пудратӣ - ҶСК «Саратовнефтегеофизика» ба нахуствазир ва аъзои ҳукумат оид ба рафти иҷрои корҳо маълумот дода, изҳор доштанд, ки татбиқи лоиҳа ба марҳилаи суръатнок гузашт», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи сухангӯи ширкат, дар майдони корҳо қароргоҳи саҳроӣ ташкил гардидааст, ки ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ аст. «Қароргоҳи саҳроӣ аз 2 вагон-хонаи дорои насимафкани гарму сард, 2 вагони шустушӯйӣ, вагони шустушӯйи сарулибос, 2 вагон-ошхона, 3 нерӯгоҳи пуриқтидори дизелӣ иборат буда, 45 адад техникаи махсуси автомобилӣ, аз ҷумла 7 дастгоҳи пармакунӣ ба ихтиёри мутахассисон гузошта шудааст», - изҳор дошт Е.Кожевникова.

            Номбурда ҳамчунин гуфт, то имрӯз 20 дарсади корҳои пешбинишуда ба иҷро расида, дар майдони кор 120 нафар машғули коранд, ки 65 дарсади онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. «Дар ҷараёни мулоқот бо мақомоти раҳбарӣ ва коргарон нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов лоиҳаи мазкурро барои кишвар афзалиятнок арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки он аз ҷониби ҳукумат ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад ёфт», - афзуд сухангӯи ҶСК «Газпром зарубежнефтегаз».