Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масъалаи ба рӯзномаи ҷаласаи палатаи поёнии парлумон ворид кардани масоили ворид кардани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷрои ҷазои ҷиноӣ», «Дар бораи аслиҳа» ва ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин қарор шуд, масъалаи баррасӣ ва тасдиқи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Люксембург дар бораи ифтитоҳи алоқаи ҳавоӣ низ ба рӯзномаи ҷаласаи палата ворид карда шавад.

Бо қарори Шӯро, ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум рӯзи 1-уми феврали ҳафтаи равон баргузор мешавад.