Чанде қабл ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мавҷуда бинобар сабаби боришоти зиёди барф дар рӯзҳои ахир раисони вилояти Хатлону Суғд Ғайбулло Афзал ва Қоҳир Расулзода, муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон, вазирони нақлиёту кишоварзӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, раисони ноҳияҳои Айнӣ, Варзоб, Ҷиргатол, Рашт, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод ҳисобот доданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба сохтору хадамоти дахлдор супориш дод, ки бо истифода аз тамоми имконот баҳри рафъи оқибатҳои офати табиӣ, тозакунии роҳҳо аз барф, таъмини шахсони дар асорати тарма қарордошта бо хӯроки гарм чораҳои таъҷилӣ андешанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва иҷтимоии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо маводи сӯзишворӣ ва ғизо таъмин гардида, чорводорон дастгирӣ шаванд, то ки чорворо бидуни талафот аз мавсими тӯлкашидаи зимистон бароранд.