Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012» мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин тағйироту илова аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз шарҳи маҳз ба кадом моддаҳои қонун тағйирот ворид шудан худдорӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин баррасии лоиҳаҳои қонунҳои ҶТ «Дар бораи ангишт», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», тасдиқи лоиҳаи муқаррарот «Дар бораи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ» ва масъалаи тасдиқи Созишнома миёни кишварҳои узви ИДМ «Дар бораи мубориза бо хариду фурӯши инсон» низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012», ки онро палатаи поёнии апрлумон моҳи ноябри соли 2011 қабул кард, соли равон қисмати даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 10 млрд. 160 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 1 млрд. 860 млн. сомонӣ зиёдтар аст.