Ҳукумати Тоҷикистон ба аҳолии аз ҳама бештар аз заминларзаи чанде қабл осебдидаи ноҳияи Тавилдара як миқдор кӯмаки башардӯстона фиристод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Мунира Назариева хабар дод, аз фонди захиравии ҳукумат ба аҳолии осебдида 140 адад хайма, як миқдор маводи ғизойӣ, аз ҷумла 15 тонна орд, 3 ҳазору 750 килоӣ шакару биринҷ, 1,5 ҳазор литр равған, 1,5 ҳазор кило макарон ва ҳамчунин масолеҳи сохтмон ҷудо карда шудааст.

«Ба 150 нафар сокинони ҷамоати Чилдараи ноҳияи Тавилдара, ки дар ин ҷо офати табиӣ 75 манзили зистро пурра ва 70 хонаро қисман хароб кард, ҳукумат кӯмаки якдафъаинаи пулӣ ҷудо кард. Ҳамин гуна кӯмак ба аҳолии дигар деҳоти осебдида низ расонида мешавад», - гуфт ӯ.

Ба қавли Назариева, дар макони офат таҳти роҳбарии муовини раиси КҲФ ва МГ Рустам Шоев барои муайян кардани ҳаҷми зарари моддӣ комиссияи давлатӣ машғули кор аст.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла РЕАКТ ба расонидани кӯмак ба аҳолии осебдидаи ноҳияи Тавилдара изҳори омодагӣ кардаанд, вале барои ин ба онҳо маълумоти ниҳоӣ ва дақиқ дар бораи ҳаҷми хисорот зарур аст.

Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Рашт ва вилояти Хатлон низ як миқдор кӯмак расонида шуд.

Ёдрас мекунем, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз бозгашт аз шаҳри Маскав дарҳол ба ноҳияҳои аз заминларзаи 13-уми май бештар осебдидаи Рашту Тавилдара сафар кард. Мутобиқи маълумоти ахир, дар ноҳияи Тавилдара бар асари заминларза 105 манзили зист пурра ва боз 155 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудаанд. Дар ноҳияи Рашт ин шумор мутаносибан 8 ва 16 ададро ташкил медиҳад. Зимни мулоқот бо аҳолии аз заминларза осебдидаи ноҳияи Тавилдара сокинон аз сарвари давлат дархост карданд , ки онҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд.

Субҳи рӯзи якшанбе, 13-уми май, соати 4:28 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд.

Дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил додааст. Бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расид.