Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев собиқ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» таъин шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.

Рафиқа Мӯсоева номзади илмҳои техникӣ буда, собиқ вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ифои вазифа намуд. Айни замон ба Иттиҳодияи энергетикони ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад.

Бинои баландтарини ҷумҳурӣ - Маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» 6-уми сентябри соли 2011 мавриди истифода қарор гирифт. Бино аз 22 ошёна иборат буда,  дорои  тамоми шароити муосир барои тоҷирону соҳибкорон, кормандони маъмурӣ ва ширкатҳои гуногунсоҳаи дохилию хориҷӣ мебошад.

Ин иншооти муҳташам дар зарфи қариб 22 моҳ бо харҷи 164 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд ёфта, баландиаш 92 метр аст. Тарҳи бино бо назардошти унсурҳои меъмории бостонию муосири тоҷикӣ ва ҳам ҷаҳонӣ омода гашта, бо намои дилкашу зебояш ба маркази пойтахт ҳусни тоза зам намудааст.

Дар ошёнаҳои гуногуни ин бинои бисёрсоҳаи барои тоҷирону соҳибкорони дохилию хориҷӣ пешбинигардида утоқу толорҳои семинару конфронсҳои мухталиф, машваратҳо, марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳои сайёр, намоиши мўд, 2 тарабхона яке бо 200 ва дуввумӣ бо 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 40 ҷойи хоб ва утоқҳои маъмурию идорӣ бо шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар назди ин маркази боҳашамат, ҳамчунин як бинои дуошёна бунёд меёбад, ки дар он барои 100 мошин таваққуфгоҳ омода мегардад.