Тибқи як қатор тағйироту иловаҳои воридшуда ба қонунҳои ҷумҳурӣ, ки имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон маъқул шуморида шуданд, барои вакилони ҳамаи сатҳҳо донистани забони давлатӣ ҳатмӣ шуд.

Ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳа» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки мутобиқи онҳо, аз ин ба баъд аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бояд ҳатман забони давлатиро донанд.

Дар суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Додихудо Саймиддинов изҳор кард, ки мутобиқи Сарқонун, тамоми асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ҳамаи сатҳҳо бо забони давлатӣ таҳия ва қабул мешаванд ва аз ин рӯ, шахсоне, ки ба таҳияи қонунҳо машғуланд, бояд забони давлатиро донанд.

Дар робита ба ин масъала вакили парлумон, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ чунин ибрози андеша намуд, ки тағийроту иловаҳои мазкур мантиқианду ба шарҳу тавзеҳ ниёз надоранд, вале дар онҳо механизми муайян кардани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби вакилон зикр нашудааст.

Ба гуфтаи Д.Саймиддинов, сатҳи забони давлатиро донистани вакилони оянда ҳангоми маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҷониби комиссияҳои интихоботии дахлдор муайян карда хоҳад шуд.