Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум вакилон пас аз баррасии тӯлонӣ аз лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф дар таҳрири нав ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов изҳор кард, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав пеш аз ҳама бо мақсади таҳкими ислоҳот ва рушди соҳа, аз ҷумла таъмини сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши таълимгирандагон, мутобиқат ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
Ба гуфтаи вазир барои такмили лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҳуқуқшиносон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва ин лоиҳа мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи гурӯҳи мазкур қарор гирифта, ба он зиёда аз 1050 таклифу пешниҳодҳо ирсол гардид, ки бештари онҳо дар такмили лоиҳаи қонун истифода шуданд.
Саидов зикр кард, ки дар лоиҳаи қонуни нав мафҳумҳои наве чун бакалавриат, магистратура, маълумот барои калонсолон, маълумоти кредитӣ (қарзӣ), маълумот барои кӯдакони қобилиятнок, нострификатсия (эътирофи ҳуҷҷатҳои кишварҳои хориҷӣ дар бораи сатҳи маълумот ва (ё) тахассус) мавриди амал қарор мегиранд.
«Лоиҳаи қонуни мазкур ба гирифтани маълумот ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони аз шаҳрвандӣ маҳруми дар қаламрави кишвари мо иқоматдошта кафолат дода, ҳамчунин гирифтани маълумоти ройгон дар хона ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдудро низ замонат медиҳад», - иброз дошт вазир.
Дар посух ба саволи амояндагони мардумӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки аллакай имрӯз дар кишвар корҳои таҳияи китобҳои дарсии насли нав оғоз гардида, нашри онҳо ахири соли 2014 оғоз мегардад.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста