Зимни сафари корӣ ба водии Рашт раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот кард.
Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони бонуфузу пирони кордидаи ноҳия ширкат варзиданд.
«Дар мулоқот ба масъалаҳои риояи қонуну тартибот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хусусӣ ба рушди иқтисод, саривақт пардохт шудани нафақаву кумакпулиҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки як рӯз қабл вохӯрии ба ин монанди Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияи Рашт баргузор шуда, имрӯз ӯ бо фаъолони ноҳияи Ҷиргатол мулоқот мекунад.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста