Бо фармони президенти мамлакат ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, собиқ вазири маориф ва раиси Кумитаи давлатии телевизиону радио Абдуҷаббор Раҳмонов ёвари президент оид ба масъалахои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

А.Раҳмонов дар ин вазифа Саидмурод Фаттоҳзодаро иваз намуд, ки санаи 13-уми декабр муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Бо қарорҳои ҳукумат, Носир Салимов, ки  ба ҳайси директори Мусссисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» фаъолият дошт, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таъин гардид.

Бо амри президенти ҷумҳурӣ, вазифаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба дӯши доктори улуми филология Сайфиддин Назарзода вогузор шуд.