Имрӯз дар ҳузури нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукоти омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласа масоили тайёрӣ ба истиқбол, хамроҳии ҳайатҳо ва гусели меҳмонон дар сатҳи зарурӣ ва дигар масоили ташрифотӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре ки таъкид гардид, чорабинии сатҳи баланд охири моҳи октябр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он иштироки ҳайатҳои ҳамаи кишварҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст.
Нахуствазири ҷумҳурӣ аъзои кумитаи тадорукот ва дигар шахсони масъулро барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ гузаронидани ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ҷумҳуриҳои узви ИДМ вазифадор намуд.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста