Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 декабр маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” қабул шуд.
Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ 5,5 км роҳҳои мошингарди маркази ноҳия навсозӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳраки Қумсангир чароғон карда шуд. Соли 2016 2 ҳазор га заминҳои нави кишоварзӣ шодоб мегардад. Соли 2015 дар ноҳияи беш аз 73 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда, ҳоло дар майдони 2300 га замин пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.
Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шуд.
Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2018-2019 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳои дигар доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гумрук, Кодекси андоз, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба қонунҳо “Дар бораи маориф”, “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”, “Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ”, “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи алоқаи барқӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” пас аз маъқул донистан пешниҳод гардид.
Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният” низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи генералии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва дақиқсозии нақшаҳо барои соли 2016 ва ҳам ба таъмини бехатарӣ аз сухтор ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ҳангоми истиқбол аз соли нави мелодӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста