Дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, тадбирҳои зиддибуҳронӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода зимни ҳисобот қайд кард, ки соли 2015 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, ба қисмати даромади буҷети давлатӣ 16,6 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 100%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Расулзода корҳо дар бахши саноати кишварро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки соли 2015 дар Тоҷикистон 469 корхонаи саноатии нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва ҳудуди 9 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин шуданд.
Зикр гардид, ки ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар муқоиса бо соли 2014 ба андозаи 5,5% афзуда, ҳаҷми умумии нерӯи барқи содиротшуда дар соли гузашта 1,4 млрд. кВ/соатро ташкил додааст. Дар муқоиса бо соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба миқдори 3,2% зиёд шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласа соли 2015-ро барои иқтисоди кишвар соли муваффақ номида, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон низ душвор хоҳад буд.
Дар робита ба ин президент аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо, бахшҳои иқтисод, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо даъват кард, ки барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, бахусус молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва сарфакорона хароҷот кардани воситаҳои буҷетӣ тадбирҳои муассир рӯйи кор гиранд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки баҳри нигаҳдошти устувории қурби пули миллӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо тамоми молу маҳсулоти зарурӣ барои мардум чораҷӯӣ намоянд.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста